Ссылки доступа

Шикоятҳо аз бебарқӣ ва таъсиси телефони боварии "Шабакаҳои тақсимоти барқ"


Мақомот гуфтанд, барои назорати таъминоти барқ дар кишвар телефонҳои боварӣ таъсис доданд.

Ҷамъияти саҳҳомии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар як хабарномае гуфт, "телефонҳои мазкур бо мақсади кӯмак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён ва шаффофияти кор ташкил шудаанд".

Рақамҳои телефонҳои боварии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" -- 778886021 ва 2-50-33-01 будаанд.

Ин рақамҳои боварӣ дар ҳоле фаъол шудаанд, ки шикоятҳо аз хомӯш шудани барқ дар кишвар зиёд аст. Сокинон мегӯянд, дар рӯзҳои сардтарини сол соатҳо барқашон хомӯш мешавад ва ин ҳолат сокинон, бахусус бошандагони биноҳои баландошёнаро дар ҳолати ногувор мегузорад.

Ҳафтаи гузашта бо оғози сардиҳои камсобиқа дар кишвар мақомот аз бардоштани шудани лимит ё маҳдудияти барқ хабар доданд.

XS
SM
MD
LG