Ссылки доступа

Рахнагарон маълумоти шахсии сармуҳаррири "Ulysmedia.kz"-ро оммавӣ карданд


Сармуҳаррири хабаргузории қазоқии "Ulysmedia.kz" Самал Ибраева мегӯяд, афроди номаълум сомонаро рахна карда, маълумоти шахсии ӯ ва хонаводаашро оммавӣ кардаанд.

"Ҳолате рух дод, ки ҳечгоҳ рух дода наметавонист. Маълумоти шахсии ман ва хонаводаам оммавӣ шуд. Чӣ тавр рахнагарон маълумоти маро гирифтанд? Онҳо кистанд ва чи гуна ба хостинг дастрасӣ пайдо карданд? ”, - изҳор доштааст сармуҳаррири "Ulysmedia.kz".

Самал Ибраева гуфт, нимсол мешавад, талош дорад, муайян кунад, ки сомонаи онҳо ба кӣ "намефорад". Ба гуфтаи ӯ, дар миёни қаҳрамонони матлабҳои онҳо шахсоне нестанд, ки "даст ба ин гуна корҳо бизананд".

"Фикр мекунам, ин кор бидуни хадамоти махсус номумкин аст. Нимсол аст, "Ulysmedia.kz", "Оrda.kz" ва "Elmedia" мавриди ҳамла қарор доранд ва касе аз Кумитаи амнияти миллӣ ба ин таваҷҷуҳ намекунад. Зоҳиран ин усулро пеш гирифтаанд, ки "ба чанд расона фишор меорем, боқӣ метарсанд", - афзудааст ӯ.

Қаблан мошини рӯзноманигори дигари қазоқ Динара Егеубаеваро ҳафтаи гузашта оташ зада буданд. Худи Егеубаева ҳодисаро "сӯиқасд ба ҷонаш" номид. Пулис дертар бо гумони оташ задани мошин чанд наврасро дастгир кард.

XS
SM
MD
LG