Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд 20 сохтмончӣ заҳролуд шуданд


Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз ғизо 20 корманди як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора аз Хадамоти санитариву эпидемиологии Узбекистон хабар доданд.

Ба иттилои ин хадамот, вазъи беморон муътадил арзёбӣ мешавад.

Мақомоти беҳдоштии Узбекистон номи ширкатеро ошкор накардаанд, ки заҳролудшудаҳо онҷо кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG