Ссылки доступа

Вакили қазоқистониеро аз ҳизб ронданд, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят кард


Узви порлумони Қазоқистон Азамат Абилдаев аз ҳизби "Оқ жол" ронда шуд. Вай аз сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путин ва ҳамлаи низомии Русия ба Украина ҳимоят кард.

Дар бораи ронда шудани Абилдаев аз ҳизби "Оқ жол" рӯзи 19 январ хабар дода шуд. Ҳизб ҳамчунин ба Комисияи интихоботӣ муроҷиат ва қатъи ваколатҳои Абдилдаевро дархост кардааст.

Абдилдаев гуфт, аз ронда шуданаш аз сафи ҳизб розӣ аст. "Ман бо онҳо розӣ ҳастам. Аз касе гила надорам", - гуфт вай.

Дар ҳизби "Оқ жол" гуфтанд, ҳарфҳои Абдилдаев "хилофи мавқеи "Оқ жол" ва хилофи ахлоқи ҳизбиву вакилӣ аст".

Абдилдаев пештар дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфт, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ҳимоят мекунад. Ҳарфҳои вакили порлумони Қазоқистон шабеҳ ба таблиғоти расонаҳои давлатии Русия буданд.

XS
SM
MD
LG