Ссылки доступа

Волидони кудакони фавтида аз "Док-1 Макс" метавонанд ҷубронпулӣ дарёфт кунанд


Муовини вазири тандурустии Узбекистон Элмира Баситхонова дар як нишаст гуфт, хонаводаи кудаконе, ки баъди истеъмоли доруи ҳиндии "Док-1 Макс" фавтидаанд, метавонанд ҷубронпулӣ дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи Баситхонова, танҳо дар сурати тасдиқи ҳуҷҷатии ҳолати заҳролудшавии кудак аз доруи мазкур ба хонаводаи ӯ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.

"Ҳоло дар робита ба ҳар як кудаки осебдида санҷиш гузаронида мешавад", - афзуд ӯ. Баситхонова гуфт, иддаои он ки доруи "Док-1 Макс" сабаби марги кӯдакон шудааст, то ҳол танҳо ба суханони волидон асос ёфтааст.

Моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак дар Узбекистон аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон доданд. Баъди ин фурӯши ин дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд. Марги 19 кӯдак интиқоди зиёдро дар дохили Узбекистон ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев роҳбари Оҷонсии рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.

Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG