Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси пешакии вазири фарҳанги Қазоқистонро тамдид карданд


Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзи 17 январ муҳлати ҳабси вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулиро тамдид кард.

Муҳаммадиулӣ моҳи майи соли 2022 боздошт шуда буд. Он замон вай роҳбари Осорхонаи миллии Қазоқистон буд.

Вазири пешин бо гумони дуздии беш аз 140 миллион тангаи буҷа боздошт шуда буд.

Парвандаи Муҳаммадиулиро мақомоти зиддифасоди Қазоқистон таҳқиқ мекунанд.

Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то 2019 вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон буд. Зарари эҳтимолии ба давлат расонидаи ӯ тақрибан 7 миллиард танга баҳо дода мешавад.

XS
SM
MD
LG