Ба иттилои мақомот, ҷасади вай дар манзили зисташ пайдо шудааст. Дар ҷасад изи шиканҷа дида нашудааст, хабар медиҳанд мақомоти пулиси Норин. Дар ҳамин ҳол, хешовандони фавтида аз анҷом додани ташхиси судӣ-тиббӣ худдорӣ варзидаанд.
Мақомоти пулиси шаҳри Норин гуфтанд, ин корманди пулис се фарзанд доштааст.