Ссылки доступа

Нурсултон Назарбоевро ҷарроҳӣ кардаанд


Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ҷарроҳии қалб шудааст. Дар ин бора Айдос Укибой, сухангӯи президенти пешин хабар дод.

"Ҷарроҳӣ муваффақона анҷом шуд. Ба ҳаёти президенти пешин хатаре таҳдид намекунад. Айни замон вай таҳти назорат аст. Ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмҳои кардиохирургӣ анҷом шуд", - хабар дод Укибой.

Нурсултон Назарбоев аз 16 декабри соли 1991 то 20 марти соли 2019 роҳбари Қазоқистон буд. Баъди ҳодисаҳои хунуни моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, ки боиси марги 238 кас шуд, мавқеи Назарбоев дар он кишвар заъиф гардид.

XS
SM
MD
LG