Ссылки доступа

Муҳлати ҳабси ду гумонбари дигари "парвандаи Кампиробод" тамдид шуд


Атай Бейшенбек
Атай Бейшенбек

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор кардааст, ки гумонбарони "парвандаи Кампиробод" фаъоли маданӣ Атай Бейшенбек ва рӯзноманигор Айданбек Акматов дар ҳабс монанд.

Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ додааст, ки гумонбарон то 20 апрели имсол дар ҳабс мемонанд.

Додгоҳи Қирғизистон 15 феврал муҳлати ҳабси фаъолони боздоштшудаи дигар Оқил Айтбоев ва Бектур Асановро низ то 20 апрели соли равон тамдид кард.

Ҳабси хонагии гумонбарони "парвандаи Кампиробод" Равшан Ҷеенбеков, Али Шабдан, Орозайим Норматов ва Нурлан Асанбеков низ дароз карда шуд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG