Сардори Идораи гумрук дар вилояти Суғд мегӯяд, барои кушодани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон омодагиҳои охирин ҷараён доранд.
Ба қавли Зафар Маҳмадиев, “мақсади давлати ҳамсоя ин аст, ки сарҳадро кушоянд. Сарҳадро ҳукумати мо набаста буд. Худашон баста буданд. Ҳар рӯз вохӯрӣ аст. Аз он тараф аллакай омада, дар масҷидҳои мо намоз мехонанд. Эҳтимоли ба наздикӣ кушодани марзҳо ҳаст.”
Додситони вилояти Суғд низ аз “раванди хуб”-и гуфтушунид хабар дод.
Фурқат Хоҷазода гуфт: “Онҳо мақсади ҷанг надоранд. Мо ҳам. Пештар сокинони минтақаҳои атрофи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гузаронидани тӯю хурсандӣ ба Хуҷанд меомаданд. Ҳоло мехоҳанд, ба Хуҷанд омада, гаштугузор кунанд, маҳсулоти ниёзи рӯзгорашонро бихаранд.”
Ҳарчанд то кунун аз ҷониби мансабдорони Қирғизистон дар ин бора изҳороте нашр нашудааст, мақомдорони тоҷик мегӯянд, кори Кумисюни байнидавлатӣ барои таъину нишонагузории марз хуб ҷараён дорад.
Дар аввали ҳамин моҳ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, кори ҳайатҳои ду кишварро тавсиф ва аз созишҳои нав ситоиш кард. Дипломатҳои Қирғизистон дар моҳи январ бо нашри изҳорот гуфтанд, кори кумисюн “бо суръати баланд” пеш меравад.
Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар охири соли гузашта гуфт, ки таъйину нишонагузории сарҳадро бо Тоҷикистон то моҳи майи соли 2023 ба поён хоҳанд расонд, аммо нагуфт, чӣ гуна.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз охири моҳи апрели соли 2021 баста аст. Ду кишвар тақрибан ҳазор километр марз доранд ва ба гуфтаи тарафҳо, то ҳол зиёда аз 650 километр ё ҳафтод дарсади он муайян шудааст.
Бахши дигари сарҳад ҳанӯз маълум нест. Номуайянӣ ва даъвоҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар сари замину обу чарогоҳ ҳар чанд вақт дар рустоҳои наздимарзӣ боис ба даргирӣ мешавад. Бар асари муноқишаҳо то кунун аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмиву бехонаву дар шудаанд.