Ссылки доступа

Шаҳрдории Остона барои бунёди "Астана LRT" 50 млрд танга дарёфт мекунад


Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон мехоҳад, барои тарҳи баҳсбарангези бунёди роҳи оҳани нақлиёти сабук дар шаҳри Остона -"Астана LRT" 50 миллиард танга (112 миллион доллар)-и дигар ҷудо кунад.

Ба гуфтаи вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Марат Карабаев, шаҳрдории Остона ин маблағро моҳи апрели соли равон дарёфт хоҳад кард.

Карабаев дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки сохтмони роҳи оҳан кай ба поён мерасад, бидуни зикри муҳлати муайяне посух дод, ки "роҳи оҳани нақлиёти сабук дар Остона бунёд хоҳад шуд. Мо сохтмони онро бо шаҳрдорӣ баррасӣ кардем".

Ҳукумати Қазоқистон ҳар сол мегӯяд, барои сохтмони роҳи оҳани мазкур даҳҳо миллиард доллар ҷудо кардааст. Шаҳрдории Остона соли 2016 гуфт, тарҳи "Астана LRT" ба "сармояи гузург" ниёз дорад. Барои ин тарҳ аз соли 2015 ба ин сӯ 156 миллиард танга ҷудо карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон моҳи декабри соли 2022 гуфтанд, ки сохтмони "Астана LRT" давоми ду-се соли оянда ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG