Ссылки доступа

"Парвандаи Кампиробод": додгоҳи шаҳрӣ ҳафт гумонбарро дар боздоштгоҳ боқӣ гузошт


Рӯзи 9 март додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон бархе аз гумонбаронро дар "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" дар доираи парвандаи маъруф ба Кампиробод дар ҳабс боқӣ гузошт.

Ба иттилои маркази матбуотии додгоҳи шаҳрӣ, сиёсатмадорон Бектур Асанов, Азимбек Бекназаров, Жениш Молдокматов, фаъолон Оқилбек Айтбоев, Рита Карасартова, Алӣ Шабдан, Темир Маҳмудов то 20 апрел дар боздоштгоҳ боқӣ мемонанд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзҳои 15-17 феврал ҳабси пешакии гумонбаронро баррасӣ ва муҳлати нигаҳдории онҳоро дар ҳабс то 20 апрел тамдид карда буд. Гумонбарон аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Якуми май ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурданд. Ҳамакнун додгоҳи шаҳрӣ қарори додгоҳи ноҳиявиро бе тағйир боқӣ гузошт.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 декабр дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии "Кабар" дар шарҳи “қазияи Кампиробод” изҳор дошт, ки “беш аз 90 дарсади онҳое, ки имрӯз дар ҳабс ҳастанд, борҳо дар баҳсҳои пӯшидаи масъалаи марз ширкат кардаанд ва бояд бидонанд, ки масъалаи Кампиробод ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст”. Ба гуфтаи президент, боздоштшудаҳо "мардумро ба шӯр” оварда, талош кардаанд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG