Дар изҳорот омадааст, ки гӯиё "ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии расмӣ сафар ба ин кишварро маҳдуд мекунад".
"Тибқи иттилои сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон, марзбонон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба қирғизистониҳо иҷозат намедиҳанд, ки вориди ин кишвар шаванд. Дар натиҷа қирғизистониҳо маҷбур мешаванд, ки маблағи иловагӣ сарф карда, билет харанд ва дар минтақаи транзитӣ парвози баргаштро мунтазир монанд", - афзудааст вазорат.
Девони вазирони Қирғизистон моҳи майи 2021 бо қабули қароре вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар маҳдуд кард. Ин қарор баъди низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар, ки рӯзҳои 28-30 апрели он сол сурат гирифт, қабул шуд.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 300 километраш ҳанӯз таъину нишонагузорӣ нашудааст, солҳо боз манбаи низоъ миёни ду кишвар аст.
Душанбе ва Бишкек ҳамеша аз ҳалли мушкил бо роҳи дипломатӣ таъкид мекунанд, вале ҳар чанд вақт ҷанҷолу тирандозӣ дар марз рух медиҳад. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.