Ссылки доступа

Гузоришгари СММ озодиҳои диниро дар Тоҷикистон месанҷад


Гузоришгари вижаи СММ дар умури Озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқод, барои арзёбии вазъи риояи ҳуқуқи гурӯҳҳои ақаллиятҳои диниву мазҳабӣ, баробарии зану мард ва ҳуқуқи кӯдакон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Сафари Нозила Қонеъ ба Душанбе аз 11 то 21- уми апрел давом мекунад. Ӯ ҳамчунин дар ин сафар талошҳои Тоҷикистонро барои фароҳам овардани шароити ҳамзистиии осоиштаи пайравони мазҳабҳои мухталиф ва ба ҳам овардани онҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ арзёбӣ хоҳад кард.

Дафтари Озодиҳои СММ бо нашри як баёния рӯзи 7-уми апрел гуфтааст, дар ҷараёни боздид аз Тоҷикистон гузоришгари вижа дар умури озодиҳои мазҳабӣ бо мақомоти давлатӣ, руҳониён, ҷомеаҳои мазҳабӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

Коршиноси умури озодиҳои мазҳабӣ ва эътиқоди СММ рӯзи 21-уми апрел мушоҳидаҳои пешакии худро бо хабарнигорон дар Душанбе дар миён мегузорад. Вай ҳамчунин қасд дорад ба шаҳри Хоруғу Хуҷанд ва дигар минтақаҳои кишвар сафар кунад. Дар баёнияи СММ омадааст, ки онҳо аз мақомоти Тоҷикистон дархости боздид аз ин шаҳрҳоро мекунанд.

Аз натиҷаи сафар ва вазъи озодиҳои эътиқоду мазҳабӣ дар Тоҷикистон гузоришгари вижа моҳи марти соли 2024 дар Шӯрои ҳуқуқи инсон, дар Женева гузориш хоҳад дод.

Нозила Қонеъ, зодаи ҷумҳурии исломии Эрон буда, моҳи августи соли 2022 ба ҳайси гузоришгари вижаи СММ дар умури озодиҳои динӣ ва эътиқод ба кор шурӯъ кардааст.

Дар зимн мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон моҳи феврали имсол гуфта буданд, гузоришгари вижаро ба Тоҷикистон даъват кардаанд.

Сафари коршиноси СММ барои арзёбии вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ солҳост ин кишварро барои нақзи озодиҳои динии шаҳрвандон танқид мекунанд. Аз ҷумла, дар Гузориши солонаи ИМА аз соли 2016 ба ин тараф Тоҷикистон чун як кишвари поймолкунандаи ҷиддии ин озодиҳо сабт мешавад.

Дар гузориши солонаи ИМА, ки соли гузашта нашр шуд, омадааст, бо вуҷуди онки Қонуни асосии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақ додааст, ки ҳар гуна динеро пайравӣ ва ё расму русумҳои онҳоро иҷрову риоят кунанд, мақомот ва дигар қонунҳо ин ҳаққу ҳуқуқи мардумро маҳдуд мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора гуфтаанд, ки ончӣ, ки муаллифони гузориши солонаи Амрико менависанд, воқеиятро инъикос намекунад.

Тоҷикистон кишварест, ки аксари аҳолиаш мусулмонанд. Дар кишвар шахсони то 18-сола ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд ва дар солҳои ахир рӯҳониёни маъруф аз минбари масоҷид дур карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG