Бо қарори додгоҳ фаъоли дигар Чингиз Капаров низ ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шудааст, ки айни замон дар бемористон табобат мегирад.
Ҳамаи ин боздоштшудаҳо аз ҷумлаи 26 ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигор ва сиёсатмадор - аъзои кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод - ҳастанд, ки охири моҳи октябри соли 2022 баъди эътироз зидди созиши марзии Қирғизистон бо Узбекистон боздошт шуда буданд.
Вакилони мудофеи парвандаи мазкур гуфтанд, додгоҳ рӯзи 10 апрел муҳлати тафтишоти парвандаи мазкурро ду моҳи дигар тамдид кард.
Мақомот дар моҳи октябри соли 2022 ин афродро бо гумони омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо боздошт карданд. Боздоштшудаҳо мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ нисбаташон дорои ангезаи сиёсӣ аст.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар як мусоҳиба бо расонаҳои кишвараш гуфт, ки боздоштшудаҳо талоши ташкили "табаддулоти давлатӣ"-ро доштанд.