Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як зан ба куштори ду кудакаш муттаҳам мешавад

Як зан дар вилояти Туркистони Қазоқистон ба куштори ду фарзанди ноболиғи худ муттаҳам мешавад.

Ҷасади ду кудаки се ва панҷсоларо 7 феврал дар манзили иҷорае дар маркази маъмурии Туркистон пайдо карданд. Пулис гуфт, ҷасади кудаконро барои ташхис фиристодааст.

Дар робита ба куштори кудакон зани 31-сола аз ноҳияи Шиелии вилояти Қизилордаи Қазоқистон боздошт шудааст. Пулис ӯро дар як меҳмонхонаи шаҳри Чимкент дастгир кардааст.

Бино ба хабарҳо, эҳтимол кудакон бӯғӣ карда шудаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи кудакон дар Қазоқистон Динара Закиева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишта, ки "кудаконро модарашон куштааст. Ба гуфтаи ӯ, ин зан ба Туркистон рафта, манзилеро ба иҷора мегирад ва сипас ба наздиконаш мегӯяд, ки кудаконро мекушад.

Зан дар пайи як баҳси хонаводагӣ манзилро барои ду рӯз ба иҷора гирифта будааст.

XS
SM
MD
LG