Изҳороти ширкатро расонаҳои маҳаллӣ рӯзи чоршанбе нашр карданд. Бино ба хабарҳо, 88 корманд эътирози худро қатъ карда, ба маҳалли кор баргаштаанд.
Бар асоси изҳороти ширкат, коршикании кормандон миллиард танга хисорот овардааст. "Бинобар ин, ширкат якҷониба қатъ кардани қарордоди ҳамкориро баррасӣ мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Кормандони "West Oil Software" аз 11 декабри соли гузашта талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.
Вазири энергетикаи Қазоқистон ва ширкати "КазМунайГаз" иҷрои талабҳои кормандонро "беасос" ва "номумкин" меноманд.