Ссылки доступа

"Роҳи оҳани Қазоқистон" ҳамкорӣ бо ширкати духтари Назарбоевро қатъ кардааст


Корхонаи "Роҳи оҳани Қазоқистон" қарордод дар бораи фурӯши билетҳо бо ширкатеро, ки расонаҳо ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд, бекор кардааст.

Расонаи "Власть" аз қавли муовини раиси "Роҳи оҳани Қазоқистон" Ануар Аҳмадҷонов хабар дода, ки билетҳои қатораҳоро дар он кишвар аз 1 декабри соли гузашта ширкати "Мобильный портал" мефурӯшад.

"Ширкат барои фурӯши билетҳо тариқи озмун интихоб шудааст. Он билетҳоро тариқи электронӣ мефурӯшад", - изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи Аҳмадҷонов, "Роҳи оҳани Қазоқистон" барои фурӯши ҳар як билети қатора ба "Мобильный портал" 29 тангаи қазоқӣ медодааст.

Ширкати "Instant Payments", ки то ин дам билети қатораҳоро дар Қазоқистон мефурӯхт, соли 2011 таъсис ёфтааст. Муассис ва раҳбари он расман Диас Мадигожин гуфта шудааст, вале расонаҳои Қазоқистон онро ба Алия Назарбоева рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG