Ссылки доступа

СММ ба бекорсозии 150 касбу кори мамнуъ барои занон дар Тоҷикистон даъват дорад (видео)


Сотрудницы предприятия по производству соли в районе Хамадони Хатлонской области
Сотрудницы предприятия по производству соли в районе Хамадони Хатлонской области

Кумитаи СММ оид ба барҳамдиҳии табъйиз нисбати занон аз мавҷудияти рӯйхати корҳои мамнуъ барои занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Дар хабари ин кумита аз 19 феврал омадааст, ки СММ хулосаҳои худро дар бораи вазъи чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, нашр кардааст.

Ба ин тартиб, дар кумитаи мазкур бар ин назаранд, ки манъ будани кори занон дар "корҳои зеризаминӣ ва шароити зиёновар" ва дар бештар аз 150 касби дигар дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст. Ба бовари коршиносони СММ, ин ҳолат ҳифзи аз ҳад зиёди занон ба ҳисоб меравад ва дар заминаи боварҳои қолабии ҷинсӣ ба бор омадааст.

Коршиносони СММ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки "кодекси меҳнатро ба қонунҳои нав дар бораи баробарӣ ва бетабъйизӣ мутобиқ созанд ва мамнун будани 150 касбу корро барои занон бекор гардонанд".

Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занонро камтар кардааст. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас ҳоло ин шумора то 194 кам шудааст.

Бар асоси ин феҳраст, занон ҳаққи кор дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканиро надоранд.

Рӯйхати нави корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст, 30 декабри соли 2023 тасдиқ шуда, Радиои Озодӣ 23-юми январ бо он шинос шуд.

Бар асоси рӯйхати нав, занон ҳақ надоранд ба ҳайси харрот, пармагар, заминкоб-нақбкан, куҳкан, устои бомбпӯш, наҷҷор, челонгари барқӣ ва даҳҳо касби дигар кор кунанд.

XS
SM
MD
LG