Ссылки доступа

Узбекистон барои афзоиши воридоти гази Русия $500 млн харҷ мекунад


Ҳукумати Узбекистон тасмим гирифтааст, ки барои замонависозии низоми воридоти газ аз Русия 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кунад.

Ширкати "Узтрансгаз" гуфтааст, ки мехоҳад низоми интиқоли газро бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз минтақаҳои шимолии Узбекистон замонавӣ созад.

Ин барнома дар қарори ҳукумати Узбекистон дар бораи иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон зикр шудааст.

Дар қарор гуфта шуда, ки барои замонависозии низоми воридоти газ дар давраи аз соли 2024 то 2023 $500 млн ҷудо хоҳад шуд. Замонависозии низом имкон медиҳад, ки ҳаҷми воридоти газ ба Узбекистон то 32 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз афзоиш дода шавад.

Узбекистон аз 7 октябри соли гузашта тавассути самти шимолии худ гази Русияро ворид месозад. Ин газ тариқи Қазоқистон ба Узбекистон интиқол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG