Ин қарор ҳанӯз 12 январ қабул шудааст. Дар додгоҳ ҳамчунин гуфтанд, Қарашев ҳамчун ҷуброни зарар 18 млн сом пардохтааст.
Қарашевро мақомоти Қирғизистон моҳи октябри соли 2023 боздошт карда буданд. Вай аз моҳи октябри соли 2019 то апрели соли 2021 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд.
Расонаҳои байналхалқӣ ва дохилии Қирғизистон дар бораи зиндагии пурзарқу барқи Қарашев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буданд.