Мушовири минтақаии созмон Алтинай Мирзобекова дар муроҷиатнома зикр кардааст, ки тарҳи мазкур хилофи уҳдадориҳои Қирғизистон дар бахши ҳуқуқи инсон аст.
Ба илова дар Transparency International гуфтаанд, дар сурати қабул шудани тарҳи қонун садҳо созмони гирандаи кумаки молӣ аз хориҷ ва фаъолияткунанда дар бахши комилсозии қонунгузорӣ бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
"Ташкилотҳо маҷбур мешаванд, ки ё ҳамчун "намояндаи хориҷӣ" сабт ном шаванд ва таҳти назорати шадиди давлатӣ қарор гиранд ва ё фаъолияти худро қатъ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома.
Вакилони порлумони Қирғизистон 22 феврал тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул карданд.
Ба гуфтаи вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев, ки зидди қабули лоиҳа раъй дод, қонуни нав ба бахши иқтисоди ин кишвар таъсири манфӣ расонда, на танҳо ба созмонҳои ғайридавлатӣ, балки ба бахшҳои маориф ва кишоварзӣ ҳам, ки аз хориҷ грант мегиранд, таъсир хоҳад дошт.
Муаллифи лоиҳа ва намояндаи дигари мардумии қирғиз Нодира Норматова гуфт, ин қонун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.
Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.
Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи "Human Rights Watch" гуфт, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.