Ссылки доступа

"Қумтор Голд Компани" даромади холисашро дар соли 2023 эълом кард


Ширкати қирғизистонии "Қумтор Голд Компани" гуфтааст, даромади холиси он дар соли гузашта беш аз 302 миллион долларро ташкил додааст.

Ин нукта дар ҳисоботи молии ширкат барои соли 2023, ки 26 феврал расонаӣ гашт, зикр шудааст.

"Ширкат соли 2023 ҷамъан 13 тонну 577 кило тило фурӯхтааст. Даромади холис дар як сол 302,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Нақша 194 миллион доллар буд. Ба ҷуз ин, "Қумтор Голд Компани" ба буҷаи давлат ҳамчун пули андоз ва пардохтҳои дигар 17 миллиарду 241 миллиону 71 ҳазор сом ворид кардааст", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии ширкат.

Дар "Қумтор Голд Компани" гуфтанд, ширкат дар як соли ахир аз ҳисоби беҳсозии раванди кор ва навсозии таҷҳизот дар ҷараёни истихроҷи маъдан беш аз 30 миллион доллар сарфа кардааст.

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт.

Ҳукумати Қирғизистон моҳи майи соли 2021 идораи конро пурра ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG