Нашрияи русии "Известия" бо истинод ба таҳлили ширкати "Финион" иттилоъ дода, ки ширкатҳои хусусии Русия аз соли 2022 дар Сербистон 9000, дар АМА ҳудуди 1600, дар Арманистон 800 ва дар Қирғизистон 450 бахши худро боз кардаанд.
Раиси ширкати "Финиона" Вячеслав Картамишев гуфтааст, онҳо ширкатҳое ҳастанд, ки дар бахшҳои IT, ҳамлу нақл ва хидматрасонӣ фаъолият мекунанд.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта шуда, ки ин "кишварҳои дӯст" бо таҳримҳои зидди Маскав розӣ нестанд ва барои ширкатҳои русӣ имтиёзҳои андозӣ низ додаанд.
Кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ИМА эъломи таҳримҳоро зидди Русия соли 2014 дар пайи ишғоли нимҷазираи Қрим шуруъ карданд.