Як манбаъ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, Мирзоева "аз роҳбарияти корхонаи коркарди гази ноҳияи Муборак дар ивази танқид накардани корхона маблағ талаб кардааст".
Айни замон Мирзоева боздошт ва дар ҳабс қарор дорад.
Гулноза Мирзоева дар суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва хонаводаи ӯ интиқод мекард.
Мирзоева хонаводаи президентро "дар сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ" айбдор мекард.
Як фаъоли наздик ба Гулноза Мирзоева мегӯяд, ҳабси блогер ба он рабт дорад, ки вай мехост, ҳолатҳои фасодкориро дар корхонаи коркарди гази Муборак ошкор кунад.
Дар як соли охир дар Узбекистон бештар аз 10 блогер ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бо айбҳои "тамаъҷӯӣ" ва "таҳқири президент" ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.