Ба иттилои оҷонс, аз 3 июни имсол дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон бо ҳадафи ошкор кардани қонуншиканиҳо дар бахши муҳоҷират амалиёти “Нелегал-2024” шуруъ шудааст.
“Дар ҷараёни рейдҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки қоидаҳои буду бош ва муҳоҷирати кориро дар Қазоқистон вайрон мекунанд, чораҳои дахлдор андешида мешаванд”, - омадааст дар иттилоияи оҷонс.
Нақзи қоидаҳои будубош аз сӯи хориҷиҳо бештар дар шаҳрҳои Остона, Алмато, Чимкент ва вилояти Манғистауи Қазоқистон мушоҳида мешавад. Аз узбекистониҳоие, ки дар Қазоқистон қарор доранд ё ба онҷо рафтанӣ ҳастанд, даъват шудааст, то қонунҳоро риоя кунанд.
Шаҳрвандони Узбекистон ҳақ доранд, ки то 30 рӯз дар Қазоқистон бимонанд, вале дар ин муддат ҳаққи фаъолияти кориро надоранд.
Расонаҳои Қазоқистон ахиран хабар доданд, ки мақомоти ин кишвар 27 муҳоҷири узбекистониро дар Алмато боздошт кардаанд.