Тоҷимбетро шаби 23 июл дар назди клуби "Регион 03" дар минтақаи истироҳатии "Бурабай"-и вилоят дастгир карда буданд. Пулис зидди ӯ бо банди "Идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ" парванда боз кардааст.
Имомхатиб ҳангоми бозпурсӣ гуфтаааст, ки танҳо оби ҷав нӯшида буд. Вай дар додгоҳ худро бегуноҳ номидаааст. Додгоҳ руҳониро 15 шабонарӯз ҳабс ва аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати 7 сол маҳрум намудааст.
Идораи мусулмонони Қазоқистон бо нашри як изҳорот барканории имомхатибро тасдиқ карда, гуфтааст, "шахсоне, ки қонун ва ахлоқи ходимии динро нақз мекунанд, ҳаққи фаъолият дар соҳаи динро надоранд".