Ссылки доступа

Қазоқистон дар раъйпурсӣ барои неругоҳи ҳастаӣ 15,5 млрд танга харҷ мекунад


Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, раъйпурсӣ барои бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар он кишвар 6 октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

"Тибқи нақшаи таҳияшуда, ин раъйпурсӣ 15,5 миллиард танга харҷ дорад", - изҳор доштааст узви комиссияи Сабила Мустафина.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин маблағ харҷи 78 нуқтаи раъдиҳӣ дар 63 кишвари хориҷӣ низ шомил аст.

71 дарсади пулҳо ба пардохти маоши аъзои комиссияҳои минтақавӣ ва назоратӣ, ки беш аз 70 ҳазоранд, равона хоҳад шуд.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.

Тоқаев баъди нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG