Ссылки доступа

Туркманистон ба гуруҳи таъқибгарони фаромиллӣ шомил шудааст


Туркманистон ба гуруҳи кишварҳои панҷгонае шомил шудааст, ки дигарандешони худро ҳатто дар хориҷ таъқиб мекунад.

Дар ин бора дар гузориши нави “Хонаи Озодӣ” (Freedom House) гуфта шудааст. Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи "Freedom House" аз соли 2014 то соли 2023 дар умум 1034 таъқиби фаромиллиро сабт кардааст, ки аз ҷониби ҳукуматҳои 44 кишвар дар қаламрави сад давлат содир шудааст ва Туркманистон ба гуруҳи панҷгонаи аввал шомил мешавад.

Фаъолони туркманистонӣ, ки дар берун аз кишвар қарор доранд, мегӯянд, солҳои ахир таъқиб, боздошт ва истирдоди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Туркманистон ба ватан афзоиш ёфтааст.

Бунёдгузори ҷамъияти туркманҳо дар Туркия Нурмуҳаммад Аннаев ва чанд ҳамкораш моҳи октябри соли 2021 мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Таҳқиқ ва далелҳо ишора бар он мекунанд, ки ҳамларо хадамоти махсуси Туркманистон тарҳрезӣ карда буд.

Ҳукумати Туркманистон пайваста барои саркӯби дигарандешон, таҳаммулнопазирӣ ба интиқод, маҳдуд кардани озодии баён ва поймол кардани ҳуқуқи занон интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG