Ссылки доступа

Духтари Навалний аз интиқоли падараш ба зиндони низомаш сахт нигарон аст


Духтари Алексей Навалний Даша Навалная

Духтари Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, гуфт, аз вазъияти падараш нигарон аст. Навалнийро ҳафтаи гузашта ба зиндони шароиташ сахттар бурдаанд.

Даша Навалная рӯзи 20-уми июн дар суҳбат бо шабакаи хабарии CNN гуфт, шароит дар маҳбасе, ки падарашро ба онҷо буданд, «аз зиндонҳои маъмулӣ хеле фарқ мекунад».

Вай ин зиндонро «яке аз хатарноктарин ва маъруфтарин зиндонҳои низомии Русия» номид. Ба гуфтаи Даша Навалная, ба падараш иҷоза намедиҳанд, ки ба ҷое равад ва низ иҷоза намедиҳанд, мардум бо ӯ дар тамос бошанд.

Ин мунтақиди сарсахти ҳукумати Путин рӯзи 14-уми июн ба колонияи ислоҳии рақами 6 дар шаҳраки Мелехово дар 250-километрии шарқи Маскав бурда шуд.

Навалний пас аз инки Додгоҳи шаҳри Маскав дар моҳи май дархост ё шикояти кассатсионии ӯро алайҳи ҳукми нави 9-солаи зиндон рад кард, интизор дошт, ба зиндони шароиташ сахттар интиқол дода мешавад.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

Мақомоти Русия соли 2021 сохтор ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълон карданд. Додгоҳ рӯзи 23-юми марти имсол ӯро ба гуноҳи қаллобӣ ва таҳқири додрас ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG