Ссылки доступа

Алла Пугачёва хост, ба ӯ ҳам унвони "агенти хориҷӣ" диҳанд


Телеведущий Максим Галкин и певица Алла Пугачева

Алла Пугачёва рӯзи 18 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ӯро ҳам шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" созанд. Ба ин тартиб, овозхони рус бори аввал дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина ошкоро изҳори назар ва аз мавқеи Максим Галкин, шавҳари худ ҷонибдорӣ кард, ки зидди ҷанг баромад кардааст.

"Ман бо шавҳари худ ҳамназар ҳастам, ки вай содиқ, хушрафтор ва одами самимӣ аст, ростин ва ватандӯсти фурухтанашавандаи Русия мебошад, шукуфоии Ватан, ҳаёти осоишта ва озобии баёнро хоҳон аст", - гуфт Пугачёва дар муроҷиаташ ба вазорати адлияи Русия.

Вазорати адлияи Русия рӯзи 16 сентябр Максим Галкин - шавҳари Алла Пугачёваро шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" кард. Дар хабари вазорати адлияи он кишвар омадааст, ки Галкин бо дарёфти маблағгузорӣ аз Украина, ба фаъолияти сиёсӣ машғул аст.

Аз нахустин рӯзҳои ҳамлаи Русия ба Украина Галкин ин ҷангро маҳкум мекард. "Шумо дар бораи сулҳ дар иди Пасха дуъо мекунед ва ҳамзамон мушакҳои болдорро ба хонаҳои истиқоматӣ мепартоед", - муроҷиат карда буд Галкин ба мақомоти расмии Русия баъди мушакборони Одессаи Украина. Ба илова, Галкин гуфта буд, ки дар Исроил консерт барпо ва маблағҳои ҷамъшударо ба гурезаҳои Украина мебахшад.

Дар шарҳи назарҳои Галкин ибтидои моҳи сентябр Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки вай "изҳороти нохубе додааст". "Ошкор аст, ки мову ӯ ҳаммасир несем", - гуфт Песков дар бораи Галкин.

XS
SM
MD
LG