Ссылки доступа

AP: ИМА дар ҳаҷми қариб $3 млрд ба Украина кӯмаки низомӣ ирсол мекунад


ИМА дар ҳаҷми $2,85 млрд ба Украина кӯмаки нави низомӣ ирсол мекунад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Бастаи нави кӯмакҳо бузургтарин бастаи силсилакӯмакҳои низомии ИМА ба Украина хоҳад буд.

Ҷузъиёти ин кӯмак ҳанӯз ошкор нашудааст. Мақомоти ИМА тасмим доранд, кӯмакҳои мазкур то ибтидои баҳои соли ҷорӣ ба Украина расонида шаванд. Интизор меравад, баҳори соли ҷорӣ ҷангҳои Русия дар Украина дубора шиддат гиранд.

Пештар мақомоти ИМА ва Олмон ба созиш расиданд, ки ба Украина ҳудуди 90 адад мошинҳои зиреҳпӯши навъҳои Bradley ва Marder ирсол кунанд. Роҳбарони ду кишвар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки ба Украина низоми зиддимушакии иловагӣ ирсол хоҳанд кард.

Охири моҳи декабри соли 2022 ИМА дар бораи ирсоли кӯмаки низомӣ дар ҳаҷми $1,85 млрд ба Украина хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG