Ссылки доступа

Ҷанг миёни Озарбойҷон ва Арманистон. Ереван аз Маскав кӯмак хост


Арманистон дар робита ба ҳамлаи ахири Озарбойҷон ба хоки ин кишвар, ба Русия, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат мекунад.

Ҳукумати Арманистон мегӯяд, шаби 12 ба 13-уми сентябр неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон чанд шаҳр ва деҳаи наздимарзиро гулулаборон карданд. Ҷониби Озарбойҷон гуфтааст, ин кор посух ба иғвоандозии тарафи Арманистон буд.

Дар пайи муташанниҷ шудани вазъият дар марз, шаби гузашта ҷаласаи Шӯрои амнияти Арманистон баргузор шуд.

Дар хабарномаи расмии Арманистон омадааст, "дар робита ба таҷовуз алайҳи истиқлолият ва якпорчагии Арманистон қарор қабул шуд, ки ба хотири татбиқи Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ, расман ба Русия муроҷиат карда шавад. Ҳамчунин ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои амнияти Созмони Миллал низ муроҷиат фиристода шавад."

Ба гуфтаи мақомоти Арманистон, нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон шаби гузашта ба шаҳрҳои наздимарзии Горис, Ҷермук ва ҳамчунин ба деҳаи Сотк аз тӯпхона ҳамла карданд. Гуфта мешавад, артиши Озарбойҷон ҳамчунин аз бесарнишинҳо низ истифода бурдааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон дар хабарномае гуфт, рӯзи 12-уми сентябр сарбозони Арманистон дар минтақаҳои марзии Дашкесан, Калбаҷир ва Лочин "тахрибкории бузург"-ро роҳандозӣ карданд. Мақомоти Арманистон инро рад карда, дар айни замон аз кушта шудани чанд сарбози ин кишвар хабар доданд.

Низои нав миёни Арманистон ва Озарбойҷон тирамоҳи соли 2020 даргирифт. Арманистону Озарбойҷон ду сол қабл бар сари минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт. Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки 30 соли ахир зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд. Бар асоси тавофуқ, неруҳои Русия оташбаси миёни Арманистону Озарбойҷонро назорат мекунанд.

XS
SM
MD
LG