Ссылки доступа

Арманистон аз баргузории размоишҳои СПАД дар хокаш худдорӣ кард


Арманистон аз баргузор кардани размоишҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар хокаш худдорӣ кард. Дар ин бора сарвазири он кишвар Никол Пашинян хабар дод.

"Вазорати мудофиаи Арманистон ба Ситоди муштараки СПАД хабар дод, ки дар вазъи кунунӣ баргузор кардани размоишҳо дар ҳудуди Арманистон мувофиқи мақсад нест. Ҳадди ақал соли ҷорӣ дар ҳудуди Арманистон чунин размоиш сурат нахоҳад гирифт", - гуфт Пашинян.

Пештар аз ин Ереван Москваро дар робита ба вазъи долони Лочин, ягона роҳи пайвандкунандаи Қарабоғи Куҳӣ бо Арманистон танқид кард. Бино ба шартҳои созиш байни Арманистон ва Озарбойҷон баъди хатми ҷанг дар соли 2020, ноҳияи Лочин таҳти назорати Боку даромад ва долони Лочин таҳти назорати неруҳои посдори сулҳи Русия.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2022 фаъолони озарбойҷонӣ ин роҳро бастанд. Мақомоти Озарбойҷон гуфтанд, онҳое ки роҳро бастаанд, фаъолони муҳитзистӣ ҳастанд ва онҳо дар эътироз ба истихроҷи захираҳои табиии Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи Арманистон роҳро бастаанд.

Ереван мегӯяд, баъди баста шудани долони Лочин ирсоли маҳсулоти ғизоӣ ба Қарабоғи Куҳӣ қатъ гардида, минтақа ба буҳрони башарӣ наздик омадааст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян неруҳои посдори сулҳи Русияро дар беамалӣ айбдор кард.

Рӯзи 8 январ иддае аз шаҳрвандони Арманистон дар назди пойгоҳи низомии 102-уми Русия дар шаҳри Гюмрии Арманистон гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Бештар аз 100 касро дар он эътирозҳо боздошт карданд. Дар ин бора ташкилкунандаи эътирозҳо - ҳаракати сиёсии "Қутби миллии демократӣ" хабар дод.

Эътирозгарон роҳи мошингарди назди пойгоҳи низомии Русияро бастанд ва шиори "Роҳбандӣ ба хотири роҳкушоӣ" сар доданд. Онҳо талаб карданд, ки неруҳои посдори сулҳи Русия роҳи мошингарди долони Лочинро ба сӯи Қарабоғи Куҳӣ боз кунанд.

Эътирозгарон гуфтанд, агар неруҳои посдори сулҳи Русия барои кушодани роҳ талош накунанд, эътирозгарон онҳоро "ғосиб" меноманд. "Мо ба тамоми дунё нишон медиҳем, ки Арманистон, ба вижа Артсах (Қарабоғи Куҳӣ) аз сӯи пойгоҳи 102-уми артиши Русия ғасб шудааст", - гуфт Ваге Гаспарян, узви шӯрои ҳаракати "Қутби миллии демократӣ".

XS
SM
MD
LG