Ссылки доступа

Ҷо Байден узвияти Финландия ва Шветсияро ба НАТО тасдиқ кард


Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 9 август санадеро имзо кард, ки бар асоси он Вашингтон узвияти Финландия ва Шветсияро ба НАТО тасдиқ мекунад.

Дар суханрониаш президенти ИМА гуфт, ки ду кишвари Аврупои Шимолӣ "ҳампаймонони нави боқудрат, боэътимод ва тавоное" хоҳанд шуд, ки "масъулияти муқаддас"-еро дар доираи эътилофи фароатлантикӣ ба уҳда мегиранд.

Ба гуфтаи Байден, Русия таҳти роҳбарии Владимир Путин бо ҳамлааш ба Украина "сулҳу амниятро дар Аврупо барҳам зад". "Путин фикр кард, ки метавонад, моро аз ҳам ҷудо созад... Дар иваз вай он чизеро дарёфт кард, ки аз он фирор мекард", - афзуд президенти ИМА.

Рӯзи 4 август Сенати ИМА ба ҷонибдорӣ аз шомилшавии Финландия ва Шветсия ба НАТО раъй дод. Ин 23-умин кишвар аз маҷмуъи 30 кишвари узви НАТО буд, ки узвияти ду давлати навро ба эътилофи низомӣ тасдиқ кард.

Барои узвияти комили Финландия ва Шветсия бояд ҳамаи 30 давлати узви НАТО раъйи мусбат диҳанд.

Мақомоти Русия дар шарҳи шомилшавии ду давлати нав ба НАТО аз як ҷониб ин иқдомро маҳкум, аз ҷониби дигар гуфтанд, бо ин иқдом ҳеч мушкиле надоранд, зеро Русия бо ин ду давлат баҳси марзӣ надорад. Бо ин вуҷуд, Русия ваъда кардааст, ки агар зерсохторҳои НАТО дар Финландия ва Шветсия ҷо дода шаванд, ҷониби Русия иқдоми ҷавобие рӯи даст хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG