Ссылки доступа

Тоҷирон наметавонанд, аз вазорати мудофиаи Қазоқистон $15 млн худро бигиранд


Минобороны Казахстана не заплатило подрядчикам $15 млн: деньги исчезли, бизнесменов посылают в суд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:13 0:00

Минобороны Казахстана не заплатило подрядчикам $15 млн: деньги исчезли, бизнесменов посылают в суд

220 ширкати хусусӣ дар Қазоқистон наметавонанд, ки 15 млн доллари худро аз вазорати мудофиаи он кишвар бигиранд. Тоҷирон мегӯянд, фармоиши вазоратро иҷро кардаанд, аммо маблағи онҳо пардохт намешавад.

Вазорати мудофиаи он кишвар дар навбати худ мегӯяд, маблағҳоро тавассути ширкати саҳҳомии "Аскери Курилис" ирсол кардааст. Маблағҳои ирсолшудаи вазорат дар нимароҳ нопадид шудаанд. Акнун иҷрогарони фармоишҳои вазорат бе даромад монда, мақомоти мудофиаи Қазоқистон тоҷиронро ба додгоҳ фиристодаанд.

Ин тоҷирон фармоиши вазоратро дар бораи сохтмони чанд қисми низомӣ ва таъмири иншооти неруҳои низомии Қазоқистон анҷом додаанд.

"Ин қарзҳо аз соли 2016 пайдо шудаанд. Вазорат ҳар кори анҷомшударо санҷидааст. Аммо дар ниҳоят ҳама хомӯшӣ ихтиёр кардаанд. Тоҷирон корро идома додаанд, тендерҳои вазоратро соҳиб шудаву онҳоро иҷро кардаанд", - гуфт Дамир Сатибоев, роҳбари гуруҳи ташаббускоре, ки талош доранд, маблағҳояшонро аз вазорати мудофиа бигиранд.

Татяна Ляменко, яке аз дигар тоҷирон соли 2020 дар шаҳри Ушарали Қазоқистон дар чанд қисми низомӣ шабакаи фозилоб сохтааст. Арзиши корҳои анҷомдодаи вай 25 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аммо вай наметавонад, ин маблағро аз вазорати мудофиа рӯёнад.

XS
SM
MD
LG