Ссылки доступа

Bloomberg аз дефолт дар Русия хабар дод


Президент России Владимир Путин и министр финансов Антон Силуанов (архивное фото)

Шаби 26 ба 27 июн Русия аз рӯи қарзи давлатӣ бо асъори хориҷӣ ба дефолт расид. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, ин ҳодиса аз соли 1918 ба ин тараф бори аввал аст, ки рух медиҳад. Москва рух додани дефолтро рад мекунад.

26 июн марҳилаи пардохти наздики 100 миллион доллари арзиши коғазҳои қимматноки давлатӣ ба поён расид. Ба поён расидани ин муҳлат дефолтро ба дунбол дорад, менависад хабаргузорӣ.

"Ин аломати талхӣ табдил шудани кишвар ба рондашудаи иқтисодӣ, молӣ ва сиёсӣ аст", зеро захираҳои пулии Бонки марказӣ ҳабс ва бонкҳои бузург аз низоми молии ҷаҳонӣ ихроҷ шудаанд, менависад Bloomberg. Аммо, ба иттилои хабаргузорӣ, дефолт ҳамоно хосияти рамзӣ дошта, барои шаҳрвандони қатории Русия таъсири эҳсосшавандае надорад.

Антон Силуанов, вазири молияи Русия истифоди истилоҳи дефолтро дар ҳолати мазкур "масхара" номид.

Русия мегӯяд, барои пӯшонидани ҳамаи ҳисобҳо маблағи кофӣ дорад. Ҳафтаи гузашта Москва хабар дод, ки қарзҳои хориҷиашро бо рубли русӣ пардохт мекунад, зеро вазъияти кунунии марбут ба асъори хориҷиро Ғарб ба таври сунъӣ ба бор овардааст.

Вазорати молияи ИМА баъди 25 майи соли ҷорӣ иҷозатномаеро тамдид накард, ки ба Русия имкон медод, қарзи давлатиашро бо асъори хориҷӣ пардохт кунад. Дар посух ба ин тасмими ИМА вазорати молияи Русия гуфт, қарзи хориҷиашро бо рубл пардохт мекунад.

Президенти Русия рӯзи 5 марти имсол фармони пардохти қарзи хориҷиро бо рубли русӣ имзо кард.

Наздики 40 миллиард доллари қарзи хориҷии Русия бо асъори амрикоӣ ва аврупоӣ аст.

XS
SM
MD
LG