Ссылки доступа

Мубориза барои курсии сарвазирии Бритониё идома дорад


Борис Джонсон
Борис Джонсон

Сарвазири пешини Бритониё Борис Ҷонсон ҳимояти бештар аз 100 вакили муҳофизакорро дарёфт кард, ки ин ҳимоят имкон медиҳад, Ҷонсон дубора ба мақоми сарвазирӣ номзад шавад.

Рақибони Ҷонсон - вазири молияи Бритониё Риши Сунак ва вакили дигари порлумони Бритониё Пенни Мордонт ҳастанд.

Пенни Мордонт дар ҳоли ҳозир нахустин касест, ки ошкоро эълом кардааст, даъвогари курсии сарвазирии Бритониё аст.

Борис Ҷонсон тобистони соли ҷорӣ дар пайи аз даст додани ҳимояти ҳамҳизбонаш тарки курсии сарвазирӣ кард.

Рӯзи 20 октябр Лиз Трасс эълом кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо медиҳад. Вай ҳамагӣ 44 рӯз сарвазири Бритониё буд - ин кутоҳтарини муҳлати роҳбарӣ дар таърихи он кишвар аст.

XS
SM
MD
LG