Ссылки доступа

Пешгӯии БОР: интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон камтар мешавад (видео)


Трудовые мигранты будут переводить из России в Таджикистан в два раза меньше денег
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:50 0:00

Интиқоли пули муҳоҷирони кории Тоҷикистон бо доллар ба ватан дар соли равон ду баробар коҳиш хоҳад ёфт.

Дар натиҷа соли равон Душанбе маҷбур аст, харидории маҳсулоти воридотӣ, пеш аз ҳама ғизоӣ, маводи сӯзишворию молиданиро сеяк кам кунад ва соли 2023 воридот 20 дарсади дигар коҳиш хоҳад ёфт. Ин пешгӯиро Бонки осиёии рушд (БОР) кардааст.

Оқибатҳои иқтисодии ҷанги Русия зидди Украина барои Тоҷикистон низ бетаъсир нетснад. Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА алайҳи Русия боиси поин рафтани қурби рубл ва афзоиши бекорӣ шудааст. Муҳоҷирони корӣ маҷбур мешаванд, ки коҳиши маошро қабул кунанд ё ба ватан баргарданд.

Ҳазорон оилаҳо дар саросари кишвар, ки муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз асосҳои иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, дар ҳолати вазнини молӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Русия самти аслии даромади шаҳрвандони ин кишвар аст. Дар поёни соли 2021, тибқи омори расмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи муҳоҷирати корӣ дар Русия сабти ном шудаанд. Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз аввали соли 2022 то кунун 60 ҳазор муҳоҷир аз Русия ба кишвар баргаштаааст.

Дар соли 2021 муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия ба ватан ҳудуди як миллиарду ҳаштсад миллион доллар фиристодаанд. Агар пешгӯии Бонки осиёии оушд рост барояд, пас дар соли 2022 ба кишвар камтар аз як миллиард доллар ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG