Ссылки доступа

Санади ишғоли 4 вилояти Украина имрӯз дар Кремл имзо мешавад


Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки 30 сентябр созишномаҳо дар бораи “ҳамроҳшавии қаламравҳои нав ба Русия”-ро дар Кремл имзо мекунанд.

Хабаргузории РИА Новости бо такя ба вакили Ҳизби коммунисти Русия Денис Парфенов хабар дод, ки вакилони Думаи давлатӣ 30 сентябр барои як чорабинӣ бо иштироки Владимир Путин ба Кремл даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Песков, Путин қабл аз имзои санадҳои ғасби вилоятҳои Украина дар назди вакилон суханронӣ мекунад.

Сухан аз вилоятҳои Донетск, Луҳанск, Запороже ва Херсон меравад, ки Русия мехоҳад бар асоси натиҷаи раъйгириҳои эътирофнашуда ба ҳайати худ ҳамроҳ кунад.

Бештари қисматҳои вилоятҳои Донетск, Запороже ва як қисми хурди вилояти Херсон ҳоло таҳти назорати неруҳои Украина қарор доранд.

XS
SM
MD
LG