Ссылки доступа

Meta-ро дар Русия ба рӯйхати ширкатҳои террористӣ шомил карданд


Ҳаракати зиддиҷангии ҷавонони "Весна" ва ширкати амрикоии Meta-ро, ки соҳиби шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram аст, дар Русия ба рӯйхати созмонҳои шарик дар тундгароӣ ё терроризм шомил карданд.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба Росфинмониторинг ё ниҳоди назорати молии Русия хабар медиҳад.

Додситони шаҳрии Санкт-Петербурги Русия охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳаракати "Весна"-ро тундгароёна эълом ва фаъолияти онро манъ кард. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина "Весна" ба ширкат дар гирдиҳамоиҳои зиддиҷангӣ даъват мекард.

Охири моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳе дар Москва ширкати амрикоии Meta-ро тундгароёна унвон ва фаъолияти онро дар Русия манъ карда буд. Шабакаҳои иҷтимоии марбут ба Meta - Facebook ва Instagram низ мамнуъ эълом шуданд, аммо паёмрасони WhatsApp, ба далели он ки "ба паҳнсозии оммавии иттилоъ машғул нест", мамнуъ нашуд. Барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоии манъшуда шаҳрвандон ва ширкатҳо ҷазо нахоҳанд гирифт.

Суратҳисобҳо ва кортҳои бонкии одамон ва ширкатҳое баста мешавад, ки дар рӯйхати Росфинмонитор шомил шудаанд. Айни замон 534 созмон дар ин рӯйхат шомил карда шудаанд. Миёни онҳо Бунёди мубориза бо фасоди сиёсатмадори мухолифи Русия Алексей Навалний низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG