Ссылки доступа

Ҷо Байден гуфт, ба Украина иловатан дар ҳаҷми $800 млн дигар кӯмаки низомӣ мефиристанд (видео)


Дар рӯзҳои наздик Вашингтон дар бораи кӯмаки иловагии низомӣ ба Украина дар ҳаҷми 800 млн доллар хабар медиҳад.

Дар ин бора Ҷо Байден, президенти ИМА дар нишасти хабарии саммити НАТО дар Мадрид иттилоъ дод.

Ин кӯмак аз дастгоҳҳои нави низомӣ, аз ҷумла низоми зиддимшакӣ ва таслиҳот иборат хоҳад буд.

"Мо Украинаро ҳар чи қадар, ки лозим шавад, кӯмак мекунем", - гуфт Байден.

Ба гуфтаи президенти ИМА, Русия барои ҳамла ба кишвари ҳамсояаш пардохти азим хоҳад дошт ва ҷанг бо шикасти Украина хатм намешавад.

"Путин фикр кард, ки дар эътилофи мо рахна эҷод мекунад. Вай фикр кард, ки моро заъиф месозад ва эътилоф ақибнишинӣ мекунад. Дар воқеъ вай бар хилофи инро ба даст овард", - гуфт Байден.

XS
SM
MD
LG