Ссылки доступа

Ташхис тасдиқ кард: мусиқинавоз Рузахунов дар ҳодисаҳои январии Қазоқистон зарари ҷиддӣ бардоштааст


Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳқиқи парвандаи мусиқинавоз Викрам Рузахуновро ба поён расонд, ки дар ҳодисаҳои январии Қазоқистон шиканҷа шуда буд.

"Ташхис расонидани зарари ҷиддиро ба саломатӣ нишон дод. Парванда аз сӯи Додситонии кулли Қирғизистон ҷамъоварӣ шуда, барои муайян ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани афроди гунаҳкор ба мақомоти Қазоқистон ирсол мегардад", - навишт Рузахунов дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҳангоми бетартибиҳои ибтидои моҳи январ дар Қазоқистон даҳ қирғизистонӣ боздошт шуд. Ба ҷуз боздоштшудаҳо, дар он ҳаводис ҳамчунин ду қирғизистонӣ кушта шуд. Миёни боздоштшудаҳо мусиқинавози маъруф Викрам Рузахунов низ буд.

Мақомоти Қазоқистон навореро нашр карда буданд, ки дар он Викрам бо доғҳо дар рӯяш пайдо шуду гуфт, ки дар бетартибиҳо иштирок кардааст. Ӯро дар Қирғизистон шинохтанд ва раҳоияшро талаб карданд.

Баъди раҳоӣ аз боздошт Викрам дар Қирғизистон гуфт, ки зери шиканҷа ба ширкат дар бетартибиҳо эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG