Ссылки доступа

Коршиносони МАГАТЭ ба неругоҳи Запарожей рафтанд


Як гуруҳ аз коршиносони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) ба неругоҳи атомии Запарожейи Украина рафтаанд.

Дар ин бора Рафаэл Гроссӣ, сардори МАГАТЭ бо нашри аксе дар Твиттер хабар додаааст, ки дар он худи ӯ ва 13 каси дигар дида мешавад.

Ба иттилои сомонаи оҷонс, маъмурияти МАГАТЭ хисороти ҷисмонии неругоҳ, кори низомҳои асосӣ, захиравию амниятӣ ва шароити кормандонро муайян карда, барои таъмини амният дар он чораҳои фаврӣ хоҳад андешид.

Рӯйхати аъзои гурӯҳе, ки дастраси нашрияи "Ню-Йорк Таймс" шудааст, раҳбари оҷонс ва 13 коршинос аз кишварҳои бетарафро дар бар мегирад. Дар миёни онҳо намояндагони Амрико ва Бритониё дида намешавад.

XS
SM
MD
LG