Ссылки доступа

AP: Арабистони Саудӣ Амрикоро аз "хатари ҳамлаи эҳтимолии Эрон" огоҳ кардааст


Cе мақоми амрикоӣ рӯзи сешанбе ба хабаргузории "Асошиэйтед пресс" гуфтаанд, Арабистони Саудӣ маълумотеро дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки нишон медиҳад, Эрон эҳтмолан барои ҳамлаи қарибулвуқуъ ба хоки Арабистон омода мешавад.

Яке аз ин мақомҳои амрикоӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, маълумот аз эҳтимоли ин ҳамла дар ояндаи наздик ё 48 соати оянда ҳикоят дорад. Теҳрон Риёзро муттаҳам кардааст, ки ба эътирозгарон дар Эрон кӯмак мекунад.

Дар ҳамин бора, як мақоми дигар низ ба шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ки маълумоти мубодилашуда байни ИМА ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки Эрон эҳтимолан дар ҳоли барномарезӣ барои як ҳамлаи қарибулвуқӯъ ба зерсохторҳои энержӣ дар Ховари Миёна, ба вижа дар Арабистони Саудӣ мебошад.

Як мақоми Арабистони Саудӣ ҳам ба CNN гуфтааст, ки Риёз маълумоте дар мавриди як "ҳамлаи эҳтимолӣ"-ро дар ихтиёри ИМА гузоштааст. Аммо ин манбаъ маълумоти дақиқе дар мавриди ин ҳамла ироа накардааст.

Ин мақоми амрикоӣ бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, сатҳи муҳофизат аз нерӯҳои низомии ИМА дар минтақаро афзоиш надодаанд, зеро гумон намеравад, ки нерӯҳои низомии Амрико ҳадафи чунин ҳамлаҳо бошанд. Як мақоми дигари амрикоӣ ҳам ба CNN гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-22-и Амрико дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ барои муқобила бо ҳар гуна таҳдиде дар дастрас ҳастанд.

Дар ҳамин замина, Нед Прайз, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар посух ба пурсише дар ин замина гуфт, ки ИМА "нигарон"-и ин таҳдид аст ва аз тариқи каналҳои низомӣ, дипломатӣ ва истихборотӣ бо Арабистони Саудӣ дар тамоси доимӣ мебошад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико таъкид кард, ки ИМА аз манофеи худ ва шариконаш дар минтақа дифоъ хоҳад кард.

Рӯзномаи Wall Street Journal пештар дар рӯзи сешанбе гузориш дод, ки Риёз маълумоте дар ихтиёри Вашингтон гузоштааст, ки бар асоси он Эрон ният дорад мавзеъҳоеро дар хоки Арабистони Саудӣ ҳадаф қарор диҳад.

Wall Street Journal ба нақл аз мақомоти саудӣ ва амрикоӣ навишта буд, ки Арабистони Саудӣ, Амрико ва чандин кишвари минтақа бо таваҷҷуҳ ба ин маълумот, сатҳи ҳушдор барои нерӯҳои низомии худро афзоиш додаанд.

Манбаъҳои огоҳ ба CNN гуфтаанд, ки ИМА бар ин бовар аст, ки Эрон мумкин аст талош кунад, ки таваҷҷуҳро ба сӯи Арабистони Саудӣ бигардонад кунад, зеро Теҳрон Риёзро ба кӯмаки эътирозгарон муттаҳам мекунад.

Як мақоми огоҳи амрикоӣ ҳам дар гуфтугӯ бо "Ассошиэйтед пресс" зимни таъйиди табодули маълумот байни Арабистони Саудӣ ва Амрико дар хусуси ҳамлаи эҳтимолии Эрон гуфтааст, бар асоси ин маълумот эҳтимолан ин ҳамлаҳо дар 48 соати оянда рӯй хоҳанд дод. "Ассошиэйтед пресс" мегӯяд, бо ин ҳол, ҳеҷ яке аз сафоратҳои Амрико дар минтақа сатҳи ҳушдори амниятиро афзоиш надодаанд.

Дар пайи идомаи эътирозҳои саросарӣ дар Эрон, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи шанбе ба Арабистони Саудӣ ҳушдор дод, ки бинобар пушиши хабарии эътирозҳо аз сӯи шабакаҳои телевизионии моҳвораии зери ҳимояти ин кишвар, бояд дар интизори посухи Ҷумҳурии исломӣ бошад.

Сипоҳи посдорон чанд ҳафта пеш ва дар авҷи эътирозҳо ба марги Маҳсо Аминӣ, мавзеъҳоеро дар Ирбил, маркази иқлими Курдистони Ироқ ва шаҳри Сулаймония ҳадаф қарор дод. Нерӯҳои заминии Сипоҳ эълом карда буд, ки 72 мушаки миёнапарвози "Замин ба Замин" ва даҳҳо ҳавопаймоҳои бе сарнишинро дар ин ҳамлаҳо истифода кард.

Арабистони ҳам мегӯяд, ки иқдоми эҳтимолии Эрон, барои дур кардани афкори умумӣ аз эътирозҳо дар дохили ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG