Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё хариди ангишти Русияро қатъ карданд


Вагоны с углем, иллюстративное фото

Дар Иттиҳоди Аврупо шуруъ аз 10 август комилан қатъ кардани хариди ангишти Русия ба иҷро даромад. Иттиҳод ин тасмимро моҳи апрели имсол дар доираи бастаи панҷуми таҳримҳои зидди Русия, ба далели ҷанги зидди Украина, ҳамоҳанг карда буд. Бритониё низ аз 10 август аз хариди ангишти Русия даст кашид.

Бино ба баҳогузории Комисияи Аврупо, қатъи хариди ангишт чаҳоряки содироти ангишти Русияро дар бар мегирад, ки фурӯши он ба Иттиҳоди Аврупо барои Русия солона 8 миллиард евро даромад меовард.

Баъди он ки Иттиҳоди Аврупо қатъи вориди ангишти Русияро эълом кард, Москва ангишташро ба Ҳинду Туркия ирсол кард. Дар ҳамин ҳол, Русия маҷбур аст, ангишташро бо нисфи қимат ба фурӯш барорад.

То охири соли ҷорӣ кишварҳои аврупоӣ тасмим доранд, қисман аз нафти Русия низ даст кашанд.

ИМА воридоти газ, нафт ва ангишти Русияро ҳанӯз ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ қатъ карда буд.

XS
SM
MD
LG