Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, гази африқоиро ҷойгузини гази Русия кунад


Иттиҳоди Аврупо имкони афзоиши ҳамкориҳоро бо кишварҳои Африқо дар бахши хариди газ баррасӣ дорад. Ин тасмим ба хотири кам кардани воридоти гази Русия ба Аврупо гирифта шудааст.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тасмим доранд, дар соли 2022 вобастагии худро аз Москва дар бахши энержӣ коҳиш диҳанд. Ҳуҷҷате, ки густариши ҳамкориҳои хориҷиро дар бахши энержӣ таъмин мекунад, мумкин аст, охири моҳи май аз сӯи Комисияи Аврупоӣ қабул шавад.

Дар пешнависи ин ҳуҷҷат омадааст, ки кишварҳои Африқо, амсоли Ниҷирия, Сенегал ва Ангола "захираи зиёди гази моеъ доранд".

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, воридоти гази моеъро 50 миллиард метри мукааб дар сол афзоиш диҳад ва воридоти газро тавассути лӯла аз кишварҳои ғайри Русия ба 10 миллиард метри мукааб расонад.

Нақшаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин воридоти 15 миллиард метри мукааб гази моеъи иловагиро аз ИМА дар соли ҷорӣ мадди назар дорад. Ба илова, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, воридоти газро аз Озарбойҷон дар сол ба 20 миллиард метри мукааб расонад.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, то охири сол ба нафти Русия эмбарго эълом кунад.

Бахши нафту газ нисфи буҷаи Русияро таъмин мекунад. 70 дарсади газ ва 60 дарсади нафту маҳсулоти нафтии Русия ба Аврупо содир мешавад.

Бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо воридоти энержӣ аз Русияро ба хотири он кам мекунанд, ки имкониятҳои Кремл барои сармоягузории ҷанги зидди Украина маҳдуд шаванд.

XS
SM
MD
LG