Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пахши се телевизиони давлатии Русия манъ, Сбербонк ва ду бонки дигари Русияро аз низоми SWIFT берун мекунанд. Дар ин бора роҳбари Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен хабар дод.
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин нақша дорад рӯйхати он шаҳрвандони Русияро тартиб диҳад, ки дар ҷиноятҳои ҷангии Бучаи наздики Киеви Украина гумонбар мешаванд. Ва ба ин тартиб, Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, он шаҳрвандонро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад.
Ин Иттиҳод ҳамзамон зидди нафти Русия таҳрим ҷорӣ мекунад, аммо ба ду кишвари узви Иттиҳод - Маҷористон ва Словакия, ки аз нафти Русия вобастагии зиёд доранд, иҷозаи хариди нафтро медиҳад. Ин ду кишвар метавонанд, бар асоси шартномаҳои мавҷудаашон то охири соли 2023 нафти Русияро харидорӣ кунанд.
Барои қуваи қонунӣ гирифтани тарҳримҳои ахир ҳамаи кишварҳои Иттиҳод онҳоро бояд қабул кунанд.