Ссылки доступа

"Евровидение – 2023" дар Украина баргузор намешавад


Иттиҳоди садову симои Аврупо (EBU) хабар додааст, ки озмуни "Евровидение – 2023" дар Украина баргузор нахоҳад шуд.

"EBU бо таассуф тасмим гирифт, ки озмун дар кишвари дигар баргузор шавад. Баррасии интихоби кишвари мизбони чорабинӣ дар соли оянда идома меёбад", - омадааст дар изҳороти иттиҳод.

Ба иттилои манбаъ, тағйири макони баргузории "Евровидение – 2023" ба далели таъмини амнияти иштирокдорон гирифта шудааст. Бино ба омори иттиҳод, дар чорабинӣ наздики 40 ҳазор одам иштирок мекунад.

Гуруҳи "Калуш Оркестра"-и Украина моҳи майи имсол дар озмуне, ки садҳо миллион тамошобинро дар саросари ҷаҳон ҷалб кардааст, пирӯз шуд. Тибқи анъана, Киев бояд озмуни соли ояндаро мизбонӣ мекард.

Созмондиҳандагон рӯзи 17-уми июн гуфтанд, бо назардошти вазъи ҳозираи Украина баргузор кардани озмун дар онҷо номумкин аст. Ба гуфтаи онҳо, барои ташкили озмун бо ғолиби ҷойи аввал – Бритониё – суҳбат мекунанд.

XS
SM
MD
LG