Ссылки доступа

Манораи Эйфел занг бастааст ва ба таъмири куллӣ ниёз дорад


Манораи Эйфели шаҳри Порис занг баста, ба таъмири куллӣ ниёз дорад, аммо онро ба ҷои таъмир дар арафаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 танҳо ранг хоҳанд кард.

Дар ин бора маҷаллаи фаронсавии "Marianne" бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Бар асоси иттилои махфие, ки маҷалла ба даст овардааст, нуқсҳо ва занг дар бурҷи Эйфел ҳанӯз дар соли 2014 ошкор шуда буданд. Дар соли 2016 дар манора 884 нуқс ба қайд гирифта шуда буд, ки "ба устувории сохтори он хатар эҷод мекунанд".

"Агар муҳандиси манора Густав Эйфел ба ин макон ташриф меовард, ӯ сактаи қалбӣ мешуд" гуфт яке аз кормандони бурҷ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард.

Ҳоло манора барои бори бистум бо мақсади омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Порис рангубор мешавад. Арзиши ин рангубор 60 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ҳар сол на камтар аз 7 миллион нафар аз саросари ҷаҳон ба тамошои ин манора меоянд, ки 324 метр баландӣ дорад.

XS
SM
MD
LG